Клуби футболи "Мастчоҳ": Роҳ ба Лигаи якум

10.01.2025 16:01

 
Имрӯз раиси Федератсияи футболи ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо намояндагони Федератсияи футболи вилояти Суғд мулоқоти муҳим анҷом дод. Дар вохӯрӣ масоили рушди футболи ноҳия ва омодагии даста барои мавсими нав ҳуҷҷатгузориҳо дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дастаи футболи ноҳияи Мастчоҳ пас аз кӯшишҳои пайваста ва дастгирии роҳбарият, тавонист дар мусобиқаҳои Лигаи дуюми минтақаи Суғд муваффақ шавад ва ба Лигаи якум роҳхат ба даст орад. Ин дастоварди таърихӣ нишон медиҳад, ки футбол дар Мастчоҳ ба сатҳи нав мебарояд ва заминаи рушди минбаъдаро фароҳам месозад.
Раиси Федератсияи футболи ноҳия Аъзам Ализода, зимни мулоқот таъкид намуд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи касбии даста ва омодагии ҷиддӣ ба Лигаи якум тадбирҳои нав андешида мешаванд. Аз ҷумла, ҷалби мутахассисони варзида, гузаронидани тамринҳои иловагӣ, ва такмили инфрасохтори варзишӣ дар мадди аввал қарор мегиранд.
Иштироки даста дар Лигаи якум на танҳо як комёбӣ барои варзишгарон, балки як рӯйдоди муҳими иҷтимоӣ барои тамоми ноҳия арзёбӣ мешавад. Ин қадами муҳим мухлисон ва дӯстдорони футболро бо нерӯву умеди нав барои дастовардҳои бузургтар муттаҳид мекунад.
Дастаи футболи "Мастчоҳ" акнун дар саҳнаи футболи ҷумҳурӣ як мавқеи вижа пайдо мекунад ва умед меравад, ки даста дар Лигаи якум бо бозии назаррас ва ғалабаҳои ифтихорӣ мавқеи худро мустаҳкам намояд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter