Саҳми омӯзгорони Мастчоҳ дар сабзсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамовозӣ ба ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, имрӯз, 15 январ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолона иштирок карданд. Дар доираи ин иқдоми кабудизоркунӣ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати шоҳроҳ шинонида шуд.
Маъракаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шоҳроҳ ва саҳмгузорӣ дар сабзонидани муҳити зист амалӣ шуд. Дар ҷараёни он садҳо ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ дар паҳлуҳои шоҳроҳ шинонда шуданд.
Маърака бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарону кормандони шӯъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ зимни иштирок дар маъракаи кабудизоркунӣ гуфт: "Ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои ватандӯстона мебошад. Омӯзгорони мо бо шинондани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар кабудизоркунӣ мегузоранд, балки барои наслҳои оянда намунаи ибрат мешаванд."
Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт. Омӯзгорон ва шогирдони муассисаҳои таълимӣ ният доранд, ки бо чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар шудани муҳити зист ва рушди минтақа саҳми худро гузоранд.
Қудратбек Сафаров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия зимни суҳбат таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо на танҳо барои ободу зебо намудани муҳити зист, балки барои ташаккули маданияти экологӣ дар ҷомеа аҳамияти калон доранд. “Кормандони соҳаи маориф ҳамчун пешбарандагони дониш ва фарҳанг бояд намунаи ибрат дар ҳама соҳа бошанд, аз ҷумла дар ҳифзи табиат,” — гуфт ӯ.
Кормандони соҳаи маориф бо ифтихор изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо бо таълиму тарбия, балки бо амалҳои воқеӣ низ саҳми худро дар рушди ҷомеа гузоранд.
Чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи нақшаҳои амал оид ба ободониву кабудизоркунӣ идома доранд. Саҳми омӯзгорон дар ин раванд нишон медиҳад, ки онҳо дар амалӣ намудани ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба табиат фаъолона ширкат меварзанд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозгӯи он аст, ки ҳамкории ҷомеа дар ҳалли масоили муҳими экологӣ торафт густариш меёбад ва саҳми ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи табиат беназир аст.
Чанде беш дар доираи ин иқдоми сабзсозии табиат дар шоҳроҳ беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи нақша дар давоми соли равон зиёда аз 24 ҳазор бех дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ