Маҷлиси машваратии назди раиси ноҳия
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати раиси ноҳия Аъзам Ализода маҷлиси машваратӣ баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғоз, раиси ноҳия доир ба маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январи соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, маълумот манзур намуд.
Аъзам Ализода иброз дошт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳо ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин замина раиси ноҳия вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, омода намудани заминҳои корам ба мавсими кишти баҳорӣ, оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, ривоҷи боғдорӣ, фаъолияти гармхонаҳо, афзун намудани тухм ва гӯшти паранда дар фабрикаҳои парандапарварии ноҳия, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ва зиёд намудани заминҳои кишти зироатҳо ба Раёсати кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастуру супоришхои қатъӣ дод.
Дар ҷаласа, ҳамчунин раиси ноҳия масъалаи ташкили корхонаҳои хурду миёна, дастгирии соҳибкорон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист, тақвияти кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин муҳлат дод, ки доир ба масъалаҳои зикр шуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустии ноҳия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони онҳо вазифадор карда шуданд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд.
Раиси ноҳия зимни таҳлили бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дастур доданд, ки корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунатҳои оилавӣ, инчунин рияои талаботи қонуни танзими ҷашну маросим ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ҷоннок карда шаванд.
Вобаста ба масъалаи қонуншиканиҳо дар самти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандону муросилоти мактубҳо, таъмини талаботи кодекси замин, риоя қоидаҳои истифодаи замин масъулин вазифадор шуданд, ки ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ