ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: Бо аҳолии деҳоти Оббурдон вохӯрии судманд доир гардид

28.01.2025 08:27

 
21 январ дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва аҳолии маҳаллӣ вохӯрии судманд баргузор гардид. Ин чорабинӣ, ки бо ҳадафи шарҳи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуд, ба мавзӯъҳои рушди иҷтимоӣ, амнияти миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар татбиқи стратегияҳои давлатӣ бахшида шуд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар суханронии худ таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои асосӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ӯ нақши фаъолонаи сокинонро дар татбиқи нуктаҳои Паём муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки танҳо бо кӯшишҳои муштарак метавон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуд.
Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода мавзӯи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳми шаҳрвандонро дар таъмини субот баррасӣ намуд. Вай изҳор дошт, ки ҳамкории ҷомеа бо мақомоти қудратӣ заминаи асосии ҳифзи амният дар маҳалҳо мебошад.
Муҳсин Убайдзода, судяи Суди ноҳия, дар баромади худ ба аҳамияти волоияти қонун, забономӯзии насли ҷавон ишора кард. Ӯ зикр намуд, ки рушди ҷомеа ба адолат, эҳтироми қонун ва мутахассису соҳибкасб гардидани насли ҷавон асос меёбад.
Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Баҳриддин Раҷабов низ дар суханронии худ ба масъалаҳои амнияти миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи истиқлолият таваҷҷуҳ кард. Ӯ ҷавононро ба таҳсилоти босифат ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар даъват намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Зариф Ҳомидов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сурайё Ёқубова дар суханрониҳои худ оид ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунат ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди деҳот ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа изҳори назар карданд.
Онҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва мардум заминаи рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар интиҳои вохӯрӣ, раиси ноҳия вобаста ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвияти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия ба истиқболи ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин таъкид намуда, аз шаҳрвандон даъват намуд, ки дар ободонии кучаву маҳалли худ фаъолона саҳм гузоранд. Ҳамзамон падару модаронро даъват кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва соҳибкасб намудани онҳо диққати махсус диҳанд.
Бо назардошти нуктаҳои баррасишуда, иштирокдорон омодагии худро барои татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат иброз доштанд. Вохӯрӣ як қадами муҳим барои таҳкими ҳамкории ҷомеа ва ҳукумат арзёбӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter