ҶАЛАСАИ КОРӢ: Баррасии масъалаҳои муҳим ва иҷрои дастурҳои Паёми Пешвои миллат

28.01.2025 08:28

 
22 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар баргузор гардид, Раиси ноҳия Аъзам Ализода, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода ва сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Баҳриддин Раҷабов иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар оғози ҷаласа ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар ишора намуда, гуфт, ки барои татбиқи дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидаанд, зарур аст, ки ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла таълиму тарбия, ҳифзи иҷтимоӣ, амният ва кишоварзӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гиранд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати амалии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, пешгирии қонуншиканиҳо, ӣаланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дигар масъалаи мубрам бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯрию мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Сипас, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода доир ба назорати якхелаи қонунҳо, баррасии арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, бақияи қарзи андозҳои маҳаллӣ, ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва оби полезӣ сухан ронд.
Зимни суханронӣ прокурори ноҳия аз кишт берун мондани заминҳои корам, риоя нагардидани сохтори кишт, ғайримақсаднок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти замин, қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди идораи хоҷагии об ва шабакаҳои барқи ноҳия изҳорӣ нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки вобаста ба коҳиш додани бақияи қарзи истифодаи оби полезӣ ва қувваи барқ ситоди корӣ таъсис дода шудааст.
Прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати рӯёнидани қарзи истифодаи оби полезӣ ва қувваи барқ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурзӯр кунанд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Баҳриддин Раҷабов ва сардори ШВКД ҶТ Муҳаммадӣ Қосимзода вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории ноболиғон, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин омодагии пеш аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардид.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар фарҷоми мулоқот ба масъалаи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, риояи сохтори кишт, захираи тухмии хушсифати чигит, ҳифзи иҷтимоӣ, тозагии муҳити зист, пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ, неруи барқ, андозҳои маҳаллӣ ва корҳои ободонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таваҷҷуҳ намуда, масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор кард, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати риояи ҳуқуқу тартибот, пешгирии ҷиноятсодиркуниву хурофотпарастӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз, тарбия намудани кӯдакон дар руҳияи худшиносию ватанпарастӣ ва ободии маҳаллаҳо чораҳои муҳим роҳандозӣ карда шаванд.
Таъкид карда шуд, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ беҳтар кардани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ муҳим аст.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter