ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ: ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

28.01.2025 08:34

 
23 январ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим, раисони комиссияҳои вилоятии ҳавзаҳои интихоботии Бӯстон - 51, Оббурдон – 52, комиссияи ноҳиявии интихобот, роҳбарият ва аъзои кумиҷроияи ноҳиявӣ иштирок доштанд.
Дар ибтидои ҷаласа ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муродулло Почозода оид ба фаъолияти яксолаи ҳизбӣ шунида шуд. Ҳисобот дастовардҳои назаррас, аз ҷумла, иштироки фаъоли ҳизб дар амалисозии барномаҳои рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ноҳияро дарбар гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024, 8051 нафар аъзои ҳизб, аз ҷумла 4122 нафар зан ва 3546 нафар ҷавон дар 62 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 932 нафар ба сафи ҲХДТ қабул гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 770 нафар, ё худ 13 дарсад зиёд аст. Ҳамчунин, дар ин давра 12 ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, як ташкилоти аз фаъолият бозмонда дубора эҳё карда шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои ҳизбӣ ва таъсири онҳо ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия, инчунин камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон барои рафъи онҳо пешниҳодҳо ироа шуданд.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа пешбарии номзадҳо ба интихоботи вакилони халқ буд. Иштирокчиён дар баррасии номзадҳо барои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати ҳафтум фаъолона ширкат варзида, шахсиятҳои сазовор ва фаъолро пешбарӣ намуданд.
Бар асоси пешниҳод ва машваратҳои иштирокчиён, 2 номзад барои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии Бӯстон – 51 ва Оббурдон – 52 ва 40 номзад барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати ҳафтум пешбарӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим дар бораи нақши муҳим ва фаъолонаи ҲХДТ дар тақвияти робитаи ҳизб бо ҷомеа изҳори назар намуда, зарурати таъмини шаффофият ва масъулияти баланд дар интихоботро таъкид кард.
Салимзода Ҷаҳонгир изҳор дошт, ки иштироки фаъоли сокинон дар интихобот метавонад ба таҳкими ҳокимияти намояндагӣ ва татбиқи босамари барномаҳои миллӣ мусоидат кунад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни суханронии худ таъкид кард, ки дастгирии номзадҳои ҳизб на танҳо барои ҳифзи манфиатҳои мардум, балки барои татбиқи сиёсати созандаи кишвар аҳамияти бузург дорад.
Аъзам Ализода таъкид кард, ки фаъолияти мақоми намояндагӣ бояд дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум ва баланд бардоштани сифати зиндагии онҳо равона гардад. Раиси ноҳия зарурати интихоби номзадҳои шоистаеро, ки манфиатҳои мардумро ҳимоя ва ҳадафҳои стратегии кишварро дастгирӣ мекунанд, муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷаласа бо қабули қарорҳои муҳим ва нақшаҳои мушаххас барои ташкили интихоботи дарпешистода ба анҷом расид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter