РОҲНАМОИИ НАВ БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ: Машварати муовини Сарвазир бо кишоварзон ва фаъолони ноҳияи Мастчоҳ
28.01.2025 08:48
Рӯзи 27 январ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода машварати кории муҳим баргузор гардид. Дар рафти машварат масъалаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин Сафармаҳмадзода Мирзоалӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиқ Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонулло Салимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Қосимӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Машварати корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат бармеоянд, баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода оғоз намуда, аз аҳамияти татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус рушди пахтакорӣ ва кабудизоркунӣ ёдовар шуд.
Сипас, муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар мебошад ва таъмини пешрафти он тавассути банақшагирии дуруст имконпазир аст.
“Мо бояд майдонҳои кишти пахтаро васеъ намуда, аз тухмии хушсифат истифода барем, зеро ин метавонад ҳосилнокиро ба таври назаррас боло барад. Инчунин, таъмини кишоварзон бо маводи зарурӣ, аз ҷумла нуриҳо ва техникаи кишоварзӣ, бояд дар маркази таваҷҷуҳи мо бошад”, – таъкид намуд Сулаймон Зиёзода.
Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои барқарорсозии хатҳои муҳофизатии байнихоҷагиҳо, истифодаи усули навини кишти пахта зери плёнка, омодагӣ ба мавсими кишт, таъмини тухмии хушсифат ва дуруст ба роҳ мондани тақсимоти оби полезӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сулаймон Зиёзода таъкид намуд, ки кишти пахта дар зери плёнка метавонад хароҷоти обро кам намуда, ҳосилнокиро ба таври назаррас боло барад. Вай инчунин дастур дод, ки тамоми имкониятҳо барои беҳтар кардани шароити меҳнати деҳқонон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда сафарбар карда шаванд.
Дар идомаи машварат масъалаи тақсимоти оби полезӣ ва омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ муҳокима гардид. Муовини сарвазир зикр кард, ки захираҳои оби кишвар бояд самаранок истифода шаванд. “Тақсимоти об бояд одилона ва бо назардошти талаботи тамоми хоҷагиҳо сурат гирад. Аз ин рӯ, омодасозии иншооти обрасонӣ, хусусан пойгоҳҳои обкашӣ, бояд то мавсими кишти баҳорӣ пурра анҷом ёбад”, – гуфт Сулаймон Зиёзода.
Татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ низ аз мавзуъҳои муҳими муҳокимашуда буд. Муовини сарвазир таъкид кард, ки ба ҷалби мардум ба ин барнома таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. “Шинондани дарахтон ва сабз нигоҳ доштани муҳит на танҳо ба беҳтар шудани вазъи экологӣ, балки ба баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад”, – илова кард ӯ.
Дар баробари ин, масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, барқарор намудани хатҳои муҳофизатии байнихоҷагиҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сулаймон Зиёзода дар ин замина изҳор дошт, ки ҳар як порча замини бекорхобида бояд ба гардиши кишоварзӣ ворид шавад. Дар ин самт мо аз технологияҳои муосир истифода хоҳем бурд, то ин заминҳо ҳосилхез гарданд.
Дар машварат инчунин фаъолияти гармхонаҳо, рушди парандапарварӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сулаймон Зиёзода зикр намуд, ки гармхонаҳо бояд на танҳо барои таъмини бозорҳо, балки барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ истифода шаванд. “Сифати маҳсулот барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ бояд дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад. Ҳар як гармхона бояд барои истеҳсоли маҳсулоти экологӣ мусоидат кунад”, – гуфт ӯ.
Муовини сарвазир бо истинод ба дастурҳои Пешвои миллат илова кард, ки парандапарварӣ яке аз самтҳои муҳим барои таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. “Таъмини тухм ва гӯшти паранда бо сифати баланд барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ зарур аст”, – таъкид намуд ӯ.
Дар идомаи ҷаласа Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода низ изҳор дошт, ки барои таъмини тухмии хушсифат, ҳамкорӣ бо марказҳои илмии кишвар бояд густариш ёбад. “Мо ба деҳқонон тухмии навъи устувор ба шароити маҳаллиро пешниҳод хоҳем кард, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот мусоидат мекунад”, – гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Дар анҷоми машварат Сулаймон Зиёзода ба масъулин ва роҳбарони хоҷагиҳо дастур дод, ки ҳар як масъалаи баррасишударо бо масъулияти баланд иҷро кунанд. “Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо ба беҳтар шудани шароити иқтисодӣ, балки ба таъмини амнияти озуқавории кишвар низ мусоидат мекунад”, – таъкид кард ӯ.
Масъулин уҳдадор шуданд, ки барои татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда тамоми қувва ва имкониятҳоро сафарбар намуда, барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ саҳми худро гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ