БОЗДИД АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ДИЛВАРЗИН - 1
28.01.2025 08:58
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҳайати ҳамроҳонаш аз пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 дидан намуда, бо вазъи омодагиҳо ва кори иншооти обрасонӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо мушкилоти ҷойдошта дар кори иншооти обрасонӣ зарурати харидории насосҳои нави обкаширо таъкид намуд.
Сулаймон Зиёзода зимни мулоқот бо масъулин изҳор дошт, ки ҳукумат барои ҳалли мушкилоти обрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад. "Харидории насосҳои обкашӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирии молиявӣ қарор мегирад. Мо аз тамоми имконот истифода мекунем, то кишоварзон ба оби зарурӣ дастрасӣ пайдо кунанд," - гуфт ӯ.
Ин иқдом метавонад ба беҳтар шудани вазъи кишоварзӣ ва таъмини ҳосилнокии заминҳо мусоидат кунад. Татбиқи чораҳо дар ин самт на танҳо барои деҳқонон, балки барои тамоми заминдорони минтақаи "Дилварзин-1" аҳамияти бузург дорад.