Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони иншооти гуногун идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба ноҳия сафар карда, бо сохтмони як қатор иншоот шинос гардид. Аснои боздид аз рафти корҳо дар қасри фарҳанги деҳоти Палдорак иттилоъ дода шуд, ки иншот бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг мебошад. Масоҳаи умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат мебошад. Бинои қаср дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ низ мебошад.
Бинои қаср дар умум аз 19 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он ҳамзамон барои 200 ҷойи нишаст толори намоиш ва баргузории чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи 1-уми бино ҳуҷраи сарояндагон, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.
Корҳои асосӣ дар иншоот ба анҷом расонида шуда, бинокорон азм доранд, ки қасрро соли равон ба истифода диҳанд.
Иншооти дигари ҷашнӣ бинои нави беморхонаи марказии ноҳия буда, он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад. Сохтмони бинои нав бо истифода аз технологияҳои муосир ва меъёрҳои баландсифати сохтмонӣ амалӣ шуда истодааст. Иншоот бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳад шуд ва пас аз ба истифода додан, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад. Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва барои 250 кат пешбинӣ шудааст.
Сипас, роҳбари вилоят сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва муассисаи томактабии рақами 5, инчунин бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди деҳоти Палдоракро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин дастурҳо дод.
Бояд таъкид кард, ки бинои куҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва имрӯзҳо дар он 1800 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Бинобар ба миён омадани зарурат сохтмони бинои иловагии муассиса ба рох монда шуда, тибқи лоиҳа бинои сохташванда аз як ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона мебошад. Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо рохбари вилоят ба роҳбарияти ноҳия, меъморону сохтмончиён ҷиҳати такмили лоиҳаи иншоот ва бунёди бинои дуошёна супориш дод.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Ҷаъфар», коргоҳи забҳи паранда, фермаи чорводории ҶДММ «Ҷумъабой Мирзо» шинос шуда, барои омодасозии иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Раиси вилоят ҳамзамон собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдуҷаббор Нодиров ва маъюби гуруҳи як Ҳасанҷон Навруззодаро ҳолпурсӣ намуда, ба кӯмакҳои пуливу моддӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд