Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Мастчоҳ

28.01.2025 09:01

 

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат, ки бо ҳузури роҳбарону фаъолони ноҳия доир шуд, асосан ҳолати кунунии соҳаи кишоварзии ноҳия ва таъмини нақшаи кишти баҳорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи мазкур раиси ноҳия Аъзам Ализода гузориш дод. Таъкид гардид, ки дар ноҳия наздик 22 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, зиёда аз 6,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд мебошад. Тибқи нақша соли равон кишоварзони ноҳия нақша доранд дар майдони 20 ҳазору 856 гектар кишти баҳорӣ анҷом диҳанд.

Раиси вилоят зимни таҳлил иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст.  

Тазаккур дода шуд, ки масъулин ҷиҳати таъмини сохтори кишти баҳорӣ чораандешӣ намуда, иҷрои нақшаро ҳатман таъмин намоянд. Аз ҷумла, соли равон дар ноҳия дар майдони 12 ҳазору 440 тонна кишти пунбадона ба нақша гирифта шудааст, ки он бояд сари вақт иҷро гардад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, то ҷиҳати омодасозии саривақтии заминҳо, захираи тухмӣ ва таъмини нақшаи кишт, омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Ҳамзамон, ба раисони ҷамоатҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳа ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter