АЪЗАМ АЛИЗОДА: Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 629,1 млн. сомонӣ баробар гардид

28.01.2025 15:33

 
Имрӯз, 28 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.
Дар нишаст раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2024 мухтасаран маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра мардуми саодатманду заҳматқарини ноҳия дар натиҷаи меҳнати софдилона ва саъю талоши пайваста соли 2024-ро ба комёбиҳои шоиста ҷамъбаст намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 629,1 млн. сомонӣ расида, ин нишондод нисбати соли 2023-юм 271,5 млн сомонӣ зиёд буда, 120 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26 ҳазору 993 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 496 гектар ё 2 фоиз зиёд мебошад.
Кишти зироати асосӣ - пахта дар майдони 12084 ҳазор гектар гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 97,1 фоиз таъмин гардида, истеҳсоли он дар соли 2024 ба 16290 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 5032 тонна ё 24,6 фоиз кам мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 2812,0 гектар, зироатҳои техникӣ 13881,3 гектар, аз он пахта 12084 гектар, картошка 65,3 гектар, сабзавот 204,3 гектар, полизӣ 2389,7 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 4074,9 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 79122 сар, аз ҷумла модагов 39157 сар, гӯсфанду буз 213503 сар, паранда 374999 сар ва асп ба 673 сар расонида шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 19186,9 тонна, пахта 16290 тонна, картошка 3537,6 тонна, сабзавот 30200,2 тонна, полизӣ 141230,4 тонна, мева 1921,4 тонна, ангур 673 тонна, гӯшт 7645,6 тонна, шир 32350 тонна, тухм 72 млн 43 ҳазор дона, пашм 118,4 тонна, пилла 1 тонна ва асал 55,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023 ғалладонагиҳо 116,2 фоиз, картошка 76,1 фоиз, сабзавот 113 фоиз, полизӣ 103,7 фоиз, мева 134,1 фоиз, ангур 95,9 фоиз, гӯшт 116,7 фоиз, шир 106,5 фоиз, тухм 104,4 фоиз, пашм 109,4 фоиз ва асал 102 фоиз зиёд шудааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар майдони 1050 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 131,3 фоизи нақшаро ташкил дод.
Вобаста ба татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва “Солҳои 2022-2026 –солҳои рушди саноат” корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2024 ба маблағи 451 млн. 911 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2023, 24 млн. 623 ҳазору 200 сомонӣ зиёд буда, 105,8 фоизро дарбар мегирад.
Корхонаҳои саноатӣ дар соли 2024 дар шакли асл 892,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 138 тонна орд, 444,8 тонна маҳсулоти ширӣ, 62,9 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 75550 тонна семент, 5892,9 метри кубӣ маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 3452,7 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 113 то 168 фоизи соли 2023-ро ташкил медиҳад.
Соли 2024 дар ноҳия гардиши савдои чакана 406 млн. 600 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2023 19 млн. зиёд мебошад, ки 102,2 фоизро дарбар мегирад.
Аъзам Ализода дар идома доир ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба самъи рӯзноманигорон расонид, ки то соли 2026 дар ноҳия бунёди корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла оҳаксанг, коркарди сангҳои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд.
Дар охир рӯзноманигорон доир ба омилҳои иҷро нашудани дурнамои ҷамъоварии пахта, аз таҳсил дур мондани кӯдакон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёд ва ташкили корхонаҳои саноатии нав, вазъи ҷинояткорӣ, норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ, бемориҳои сироятӣ, бунёди кӯдакистонҳо ва дигар масъалаҳои мубрам суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter