ЭЪЛОН: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

30.01.2025 10:33

 
Дастгоҳи раиси ноҳия
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
4. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
5. Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
8. Сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
11. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
12. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
13. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
14. Сармутахассиси самуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Обшорон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
15. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
17. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
18. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Суғдиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
19. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Обшорон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
21. Мутахассиси пешбари кишоварзи Ҷамоати шаҳраки Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
22. Мутахассиси пешбари кишоварзи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
23. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
24. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
25. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
26. Мутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо ду дона акси андозаи (4Х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Маҳалли ҷойгиршавӣ: ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон, кўчаи С. Шарифов №23, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон: (83445) 2-21-61
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter