ИДОРАИ БЕҲДОШТИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ СОҲИБИ ЭКСКАВАТОРИ ПУРИҚТИДОР ШУД

24.02.2025 08:26

 
Бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ ба ноҳияи Мастчоҳ техникаи пуриқтидор – экскаватори тасмачархи тамғаи "ХЕ 260 СLL" ворид гардид.
Ин техника бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои беҳдошти ҳолати мелиоративӣ дар ҳавзаи дарёи Сир дастрас шудааст.
Экскаватори мазкур дорои дасти кори дароз бо дарозои то 18 метр мебошад, ки он махсусан барои тозакунии заҳбурҳо ва заҳкашҳои чуқур ва душворгузар хеле мувофиқ аст. Истифодаи ин техника имконият медиҳад, ки корҳои тозакунии шабакаҳои мелиоративӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ иҷро шаванд.
Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ дар маросими қабули техника таъкид кард, ки истифодаи мақсаднок ва самараноки он бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон қарор гирад. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои раиси ноҳия иброз дошт, ки корҳои тозакунии заҳбӯру заҳкашҳо тибқи нақша ва бо назорати ҷиддӣ иҷро шаванд, ҳамзамон нигоҳубини дурусти он таъмин гардад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани самаранокии корҳо мутахассисони соҳавӣ ҷалб шаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки истифодаи оқилона ва саривақтии чунин техникаҳои муосир на танҳо ба беҳтар шудани ҳолати заминҳои кишоварзӣ, балки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёти ноҳия саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Масъулони соҳа изҳор доштанд, ки бо ворид шудани ин экскаватори пуриқтидор корҳои мелиоративӣ босифат ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шуда, заминҳои обӣ аз хатари шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ эмин мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки ин дуюмин техникаи пуриқтидор аст, ки ба ноҳия ворид мешавад. Соли гузашта низ бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тоза намудани иншооти обрасонӣ Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби экскаватори тасмачархи тамғаи “JCB - JS 205NLC” гардида буд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter