Охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузашт

24.02.2025 08:27

 
Бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки субҳи имрӯз, 9 феврал охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, шахси соҳибмартаба Ҳотамбек Шокиров дар синни 99-солагӣ моро тарк намуданд.
Ҳотамбек Шокиров – ин номи пурифтихор, рамзи далериву ҷасорат ва саҳифаи зиндаи таърихи ноҳияи Мастчоҳ буд. Ӯ 22 июли соли 1926 дар деҳаи Роғ ба дунё омада, тифлиаш дар миёни ранҷу сахтиҳои зиндагии деҳот сипарӣ шуд. Аммо бо шуҷоати бемислу иродаи матин, моҳи ноябри соли 1943 ба майдони ҷанг даъват гардида, ба яке аз саҳифаҳои пуршарафи таърихи инсоният дохил гардид.
Пас аз омӯзиши ҳарбӣ дар шаҳри Ростови Федератсияи Русия, ӯ дар набардҳои хунини озодкунии Украина, Молдовия, Руминия ва Карпат ҷонфидоӣ карда, ҳамчун нишонзани рота бо дастаи худ дар сафи фронти 3-юми Украина хизмат намуд. Ӯ дар сарҳадҳои Австрия ва Олмон, таҳти фармондеҳии генерали артиш Фёдор Толбухин, саҳми бузурги худро барои таъмини ғалаба гузошт.
Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Ҳотамбек Шокиров ҳадди охир набуд. Ӯ пас аз ин пирӯзӣ дар ҷанги Япония низ иштирок намуда, далерию ватандӯстии худро исбот кард.
Дар давоми ҳаёти пуршарафаш, ӯ бо ордени “Ғалаба”, медалҳои “Барои озодиҳои Чехословакия, Украина, Молдовия, Руминия, Япония”, ҳамчунин бо медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок” ва “Ветерани меҳнат” қадрдонӣ гардида, намунаи барҷастаи ҷавонмардиву садоқат ба Ватан буд.
Марги Ҳотамбек Шокиров як саҳифаи зиндаи таърихи ноҳияи моро баст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба тамоми пайвандон, наздикон ва дӯстони марҳум ҳамдардии самимии худро изҳор менамояд. Мо дар ин рӯзҳои пурдард дар дуо ҳастем, ки Худованд ба ӯ биҳишти ҷовидонӣ ато кунад ва ба аҳли хонаводааш сабру таҳаммул бахшад.
Ҷои марҳум ҷаннат бошад. Рӯҳи покашон ҳамеша зиндаву ҷовид монад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter