"Мастчоҳ"- заминаи устувор ба рушди футболи касбӣ
Санаи 15 феврали соли 2025 гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард. Мақсади боздид арзёбии омодагии масъулин ба мавсими нави футбол, мутобиқсозии фаъолияти дастаи футболи "Мастчоҳ" ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва варзишӣ, инчунин баррасии ҳолати инфрасохтори варзишии ноҳия буд.
Дар ҷараёни мулоқот бо раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода масъалаҳои марбут ба рушди футбол дар минтақа мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи мутобиқгардонии дастаи "Мастчоҳ" ба стандартҳои зарурӣ ва табдил додани он ба Муассисаи давлатии Клуби футболи "Мастчоҳ" яке аз мавзуъҳои калидии мулоқот буд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки даста дар асоси низоми устувор фаъолият намуда, шароити беҳтари идоракунӣ ва маблағгузорӣ пайдо кунад.
Ҳамзамон, гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори футболи ноҳия тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ба масъалаи омодасозии чаманзори Варзишгоҳи марказии ноҳия, насби намоишномаи электронӣ ва фаъолсозии системаи рӯшноидиҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва соҳибкорони маҳаллӣ, айни замон тадбирҳои зарурӣ барои рушди футбол роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, ташкил ва густариши мактабҳои футбол барои наврасон дар ҷамоату шаҳракҳои ноҳия бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҷалби сармоягузорӣ барои таъмини молиявии дастаи "Мастчоҳ" ва густариши инфрасохтори варзишӣ амалӣ мегардад.
Бо таваҷҷуҳ ба нақши муҳими футбол дар ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди ин варзишро дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ дастгирӣ менамояд. Дар ин росто, иқдомоти амалишаванда дар ноҳияи Мастчоҳ метавонад заминаи устуворе барои пешрафти минбаъдаи футбол дар минтақа гузорад.