БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУҲИМИ СОҲА Мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо кишоварзон
17 феврал раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон бо кишоварзон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони корхонаҳои коркарди пахта ва намояндагони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣ мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба мавсими кишт, риояи қатъии сохтори кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замину об, дар умум рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Тақвияти назорат дар мавсими кишт
Раиси ноҳия ба аҳамияти риояи қатъии сохтори кишти зироатҳо таъкид намуда, афзуд, ки васеъ намудани майдони кишти пахта ва картошкаи барвақтӣ метавонад ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, масъалаи истифодаи оби полезӣ, ки омили муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, баррасӣ шуда, барои фаъолсозии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва роҳандозии тадбирҳои сарфакорона дар ин самт дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Вусъати пахтакорӣ дар ҷамоатҳо
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тавсеаи пахтакорӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ ва таъмини корхонаҳои коркарди пахта бо ашёи хом, хоҷагиҳои деҳқонӣ уҳдадор шуданд, ки дар 65 фоизи заминҳои кишоварзии худ пахта кишт намоянд.
Таъкид гардид, ки пахтакорӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои стратегӣ нақши муҳим дар пешбурди иқтисоди ноҳия дошта, барои таъмини ҷойҳои корӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадор гардиданд, ки кишти пахтаро бо истифодаи техникаи муосир ва риояи меъёрҳои агротехникӣ анҷом диҳанд.
Таъкиди ҷиддӣ ба масъулияти роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ
Зимни мулоқот аз бемасъулиятии баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, баъди ҷамъоварии ҳосил, дар баъзе ҷамоатҳои деҳот корҳои шудгор ва тоза намудани заминҳо аз плёнка бо таъхир анҷом дода мешаванд, ки ин метавонад ба ҳосилнокии зироатҳо таъсири манфӣ расонад.
Раиси ноҳия аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ талаб намуд, ки омодагии мавсимии заминҳоро сари вақт ба анҷом расонида, барои иҷрои босифати корҳо масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Чораҳо барои истифодаи самараноки замин
ва беҳтарсозии муҳити зист
Раиси ноҳия ҳамзамон оид ба истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, риояи талаботи санитарӣ дар маҳаллаҳо ва вусъати ниҳолшинонӣ таъкид намуда, ба масъулин барои ҳалли саривақтии ин масъалаҳо дастурҳои мушаххас дод.
Таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии аълосифат
ва техникаи кишоварзӣ
Яке аз масъалаҳои калидии мулоқот таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии аълосифат ва техникаи пешрафтаи кишоварзӣ буд. Зикр гардид, ки воридоти мошинҳои пахтачинӣ ва дигар таҷҳизоти муосири кишоварзӣ ба ноҳия дар назар аст. Бо ворид кардани техникаҳои муосири кишоварзӣ ин метавонад раванди истеҳсолотро босамар гардонида, ҳосилнокиро афзоиш диҳад.
Мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо кишоварзон ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ дар фазои ошкоро сурат гирифта, масъалаҳои истифодаи самараноки замину об, иҷрои саривақтии шудгор, риояи нақшаи кишт ва беҳтарсозии инфрасохтори деҳот дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Татбиқи чораҳои пешниҳодшуда метавонад ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии кишоварзон мусоидат намояд.
Фитрати Ҳикмат,
масъули Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ