Тағйироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ
24.02.2025 08:36
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ Абдураҳмонзода Муқим Амон ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардид.
Маросими муаррифии кадри навтаъйин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода баргузор шуд. Зимни суханронии худ раиси ноҳия таъкид намуд, ки тағйироти кадрӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти идоракунии давлатӣ ва татбиқи босамари сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар роҳандозӣ мегардад.
Аъзам Ализода Абдураҳмонзода Муқим Амонро бо таъйиноти нав таҳният гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Зикр гардид, ки муовини навтаъйини раиси ноҳия бояд ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахшҳои дахлдор, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, тарҳрезии лоиҳаҳои меъморӣ ва беҳсозии муҳити зист талоши бештар намояд.
Абдураҳмонзода Муқим Амон 27 феврали соли 1986 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шуда, таҳсилоти ибтидоии худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия гирифтааст. Соли 2010 Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси меъморӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2010 дар Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии "Суғдшаҳрофар"-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2013 дар ин пажуҳишгоҳ фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то таъйин шудан ба мансаби нав, дар вазифаи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ифои вазифа намудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ