АЪЗАМ АЛИЗОДА: “Ба кам кардани юнучқазорҳо ва тавсеаи пахтакорӣ диққати бештар диҳем”

24.02.2025 08:38

 
Бо мақсади таҳлили вазъи омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва баррасии мушкилоти кишоварзон, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, саҳмдорон ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар деҳоти Палдорак мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла васеъ намудани майдони кишти пахта, пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ ва зарурати истифодаи самараноки замин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ аз афзоиши кишти юнучқа дар деҳоти Палдорак изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки баъзе роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ заминҳояшонро ба иҷора дода, аз пардохти ҳаққи истифодаи об ва заминҳои фонди захиравии ноҳия саркашӣ менамоянд. Таъкид шуд, ки кишти юнучқа, гарчанде барои таъмини чорво бо хӯроки серғизо муҳим аст, аммо истифодаи нодурусти он метавонад ба коҳиши майдони зироатҳои стратегӣ ва ҳосилнокии умумии заминҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, роҳбарияти ноҳия талаб намуд, ки барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва зиёд кардани майдони кишти зироатҳои стратегӣ, аз ҷумла пахта тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Раиси ноҳия нигаронӣ намуд, ки дар солҳои охир қисми зиёди заминҳои кишоварзӣ, ки қаблан барои кишти зироатҳои муҳим истифода мешуданд, ба чарогоҳ ва алафзор табдил ёфта истодаанд.
«Ба ҷои андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии замин, баъзе роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ заминҳоро танҳо барои парвариши юнучқа истифода мебаранд.”- бо нигаронӣ таъкид намуд раиси ноҳия Аъзам Ализода. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки майдони кишти юнучқа кам карда шуда, ин заминҳо барои парвариши зироатҳои сердаромад ва стратегӣ, аз ҷумла пахта истифода шаванд.
Гуфта шуд, ки заминҳои зери кишти юнучқа кайҳо аз истифода баромада, бештар ба марғзор табдил ёфтаанд. Дар деҳоти Палдорак хоҷагиҳои алоҳида заминҳояшонро ба касони дигар вогузор карда, худашон дар муҳоҷират қарор доранд. На ҳамаи ин заминҳо имрӯз мақсаднок истифода мешаванд. Аз ин рӯ, раиси ноҳия аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ талаб намуданд, ки майдони кишти пахтаро васеъ намуда, дар рушди иқтисоди маҳаллӣ саҳм гузоранд.
Дар идомаи мулоқот, масъалаи истифодаи самараноки оби полезӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Раиси ноҳия масъулони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳоро вазифадор кард, ки пардохти ҳаққи истифодаи оби полезиро сари вақт анҷом дода, барои кам кардани талафи об дар ҷараёни обёрии заминҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон, роҳбари ноҳия ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосирро дар соҳаи кишоварзӣ зарур арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияи навини кишоварзӣ метавон ҳосилнокии заминҳоро афзоиш дод. Бо ин мақсад ба хоҷагидорон тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти худ усулҳои муосири кишоварзиро татбиқ намуда, бо олимон ва мутахассисони соҳа ҳамкории зич ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни мулоқот, кишоварзон барои ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ дар ҷамоатҳои деҳот пешниҳодҳо ироа карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки мавҷудияти чунин марказҳо метавонад барои дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техникаи кишоварзӣ мусоидат намояд ва самаранокии фаъолияти онҳо зиёд гардад. Раиси ноҳия изҳори назар намуд, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва барои амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар анҷоми мулоқот, раиси ноҳия барои беҳтар намудани ҳосилнокии заминҳо ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба масъулин ва хоҷагидорон супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иҷрои ин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёти маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии кишоварзон мусоидат намояд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter