ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

24.02.2025 08:48

 
21 феврал дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ намояндагони мақомоти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ зимни қироати паёми табрикии Раиси вилояти Суғд афсарону сарбозонро бо иди касбиашон табрик гуфта, саҳми онҳоро дар таъмини суботу амнияти кишварро баланд арзёбӣ кард.
Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо кафили ҳифзи марзу буми кишвар, балки нерӯи тавонои таъмини стратегияи мудофиавии давлат маҳсуб меёбад.
Зайнура Шарифӣ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо масъулияти баланд ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шаванд ва ин рисолати муқаддасро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки фазои орому суботи дохилӣ маҳз бо заҳматҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарияти хирадмандонаи Пешвои миллат таъмин гардидааст.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар суханронии худ афсарону сарбозон ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси кишвар, тамомияти арзӣ, амнияту оромӣ ва Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, имрӯз ба як ниҳоди қудратманди низомӣ табдил ёфтааст.
Раиси ноҳия таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаи конститутсионӣ, балки нишонаи олии садоқат ва фидокорӣ ба давлат ва миллат мебошад. Гуфта шуд, ки таъмини сулҳу суботи пойдор, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз устувории Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.
Сипас, ба як зумра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо Сипосномаву медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи пурмуҳтавои консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter