АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ!

24.02.2025 08:55

 
Паёми табрикии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба муносибати ҷашни Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам сарбозону афсарон, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шумо, махсусан, сарбозону афсарони Артиши миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, собиқадорони соҳа, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати муқаддас – ҳифзи марзу буми кишвар муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол ба шумор рафта, имрӯз он ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлатдорӣ, кафили суботу амният ва ҳифзи якпорчагии кишвар ба як сохтори пурқувват ва муназзам табдил ёфтааст.
Лозим ба зикр аст, ки дар шароити пуртаҳаввули ҷаҳонӣ, нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар беш аз ҳар вақти дигар афзудааст. Хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқати баланд ба Ватан ва эҳсоси баланди масъулият вазифаи муқаддаси худро ба ҷо оварда, барои ҳимояи марзу буми кишвар омодаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:
"Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.
Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву матонати онҳо ҳимояи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, ба эътидол овардани вазъият, барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистиву террористӣ таъмин гардид ва барои заҳмати созандаи мардуми кишвар шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд."
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо зери парчами ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ, бо рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, омодаанд, ки дар ҳар лаҳза барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд.
Мо, мардуми сарбаланду саодатманди ноҳияи Мастчоҳ, ҳамеша бо сипоҳиёни далери Ватан ифтихор мекунем ва кӯшиш менамоем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба миллат ва савганди ҳарбӣ тарбия намоем. Ҳукумати ноҳия ҳамеша барои дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақоми сарбозон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи афсарону сарбозон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ саломатии бардавом, неруи созанда, иродаи мустаҳкам ва муваффақиятҳои бемислро таманно дорам.
Бигзор сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша пойдор ва устувор бошад!
Ҷашни фархундаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳомиёни асилу диловари Ватан!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter