Иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони халқ
04.03.2025 12:41
Соати 6:00 субҳи имрӯз, 2 марти соли 2025 дар 44 участкаи овоздиҳии ноҳияи Мастчоҳ интихоботи вакилони халқ оғоз гардид. Маъракаи овоздиҳӣ бо садо додани Суруди миллӣ расман оғоз ёфта, дар фазои шаффофу озод доир гашт.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода барои иштирок дар интихоботи вакилони халқ ба участкаҳои интихоботии №27 ташриф оварда, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба номзадҳои арзанда овоз дод.
Ӯ таъкид намуд, ки интихобот ҳамчун яке аз рукнҳои асосии демократия барои тақвияти ниҳодҳои намояндагӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.
Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба шаҳрвандоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба ҳуқуқи интихоботии ҷавонон ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ анҷом дода шуд.
Тибқи иттилои комиссияи ноҳиявии интихобот овоздиҳӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ сурат гирифта, шаҳрвандон бо рӯҳияи баланди масъулият дар он ширкат меварзанд.