ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО ҲОЛАТИ БАЗАИ ТЕХНИКӢ ВА ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ШИНОС ГАРДИД

06.03.2025 15:29

 
5-уми марти соли 2025 бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати базаи техникӣ ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, дар Маркази хизматрасонии техникӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон, намоиши техникаҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и назди Вазорати кишоварзӣ Юсуф Акрамзода, сардори Бозрасии давлатии назорати техникии Вазорати кишоварзӣ Эмомалӣ Холов ширкат варзиданд.
Зимни боздид аз техникаҳои кишоварзӣ меҳмонон бо ҳолати кории онҳо шинос шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироатҳо дар ноҳияи Мастчоҳ 536 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз ин шумора 99 адади онро тухмипошакҳои пахта ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 536 адад техникаҳои кишоварзӣ 454 он барои кишт омода мебошад.
Дар намоиш техникаҳои нави кишоварзӣ, аз ҷумла тухмпошакҳои муосири махсус барои кишти пахта дар зери плёнка муаррифӣ гардиданд. Ин тухмпошакҳо бо технологияи пешрафта сохта шуда, имкон медиҳанд, ки кишт бо дақиқӣ анҷом дода шавад ва зироатҳо дар шароити беҳтар рушд кунанд. Бо истифода аз ин тухмпошакҳо, масрафи об ва нуриҳо коҳиш ёфта, ҳосилнокии пахта зиёд мегардад.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и назди Вазорати кишоварзӣ Юсуф Акрамзода ҳангоми намоиш афзалиятҳои ин техникаҳоро шарҳ дода, таъкид намуд, ки истифодаи тухмпошакҳои нав на танҳо маҳсулнокии меҳнатро баланд мебардорад, балки ба деҳқонон имкон медиҳад, ки бо хароҷоти камтар ҳосили беҳтар ба даст оранд. Ин навъи тухмпошакҳо махсусан барои шароити иқлимии минтақа мутобиқ буда, дар муқоиса бо усулҳои анъанавии кишт, самаранокии баланд доранд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, воридоти техникаҳои муосир ва таъмини деҳқонон бо таҷҳизоти заруриро идома медиҳад. Ӯ инчунин ба масъулони соҳа дастур дод, ки раванди омодасозии техникаҳои кишоварзиро пурзӯр намуда, бо роҳандозии омӯзишҳои махсус деҳқононро бо усулҳои истифодаи самараноки техникаҳои нав шинос намоянд.
Вазири кишоварзӣ ҳамзамон аз механизаторон даъват кард, ки техникаҳои навро бо риояи талаботи техникиву агротехникӣ истифода баранд, то самаранокии он бештар гардад. Вазири кишоварзӣ зарур шуморид, ки механизаторон донишу малакаи худро дар истифодаи таҷҳизоти муосир такмил дода, бо усулҳои нави кишт, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка ва истифодаи тухмпошакҳои каммасраф, бештар ошно шаванд.
Зимни боздид зикр гардид, ки аксари техникаҳои мавҷуда дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ боқӣ монда, ҳоло талаботи муосири истеҳсолотро пурра қонеъ намекунанд. Бо дарназардошти ин, деҳқонон ҳидоят карда шуданд, ки минбаъд бояд бештар аз техникаҳои муосир истифода баранд. Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки истифодаи тракторҳои тасмачарх барои шудгор ва омодасозии заминҳо метавонад ҳосилнокии заминҳоро баланд бардорад ва сифати корҳоро беҳтар намояд.
Лозим ба таъкид аст, ки ин чорабинӣ дар доираи тадбирҳои муҳими омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ сурат гирифта, ҳадафи он таъмини истифодаи самараноки техникаҳои кишоварзӣ ва беҳтарсозии дастрасӣ ба хизматрасониҳои техникӣ мебошад.
Дар поёни боздид, масъулин вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб ва зарурати воридоти бештари техника барои деҳқонон пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Дар охир механизаторон ва хоҷагидорони беҳтарин бо туҳфаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter