Тантанаи Рӯзи модар

11.03.2025 11:37

 
Рӯзи 7 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода ва сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз иштирок намуда, занону бонувонро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфтанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдуазиз Зуҳуров номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи занону бонувони ноҳия расонида, иброз дошт, ки “модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Гуфта шуд, ки бонувону занон ва духтарон дар амалисозии қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманди худро мегузоранд, зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо меҳри бузург, садоқату муҳаббаташ ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Маҳз, ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни суханронӣ аз мақому манзалати модарон ва нақши занону бонувон дар пешрафти ҷомеа, ҳаёти сиёсӣ ва ҳифзи хонавода ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо шарофати озодию соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ғамхорию меҳрубониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷойгоҳ ва мақому манзалати занону бонувон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаҷониба тақвият ёфта, имрӯз модарону хоҳарон ва духтарони арҷманди Тоҷикистон барои вусъати раванди созандагию бунёдгорӣ ва фардои дурахшони Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Зикр гардид, ки айни замон дар соҳаи маорифи ноҳия зиёда аз 68 фоиз, тандурустӣ зиёда аз 71 фоиз, фарҳанг 48 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Нақши занону бонувон ва хоҳарони азизи мо ҳамчун хизматчии давлатӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда барои пешрафти диёр хеле арзанда мебошад. Дар интихоботи даъвати нави вакилон ба мақомоти намояндагӣ, ки санаи 2-юми марти соли равон баргузор гардид аз миёни бонувон 1 нафар ба сифати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 5 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 27 нафар ба ҳайси вакилони Ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки ин аз боварию эътимоди баланди сокинони ноҳия ба занону модарон ва хоҳарони азизи мо башорат медиҳад. Занону бонувон ва модарони арҷманди ноҳияи мо дар соҳаи бонкдорӣ, соҳибкорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ низ сарбаландонаи фаъолият намуда истодаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳия як гуруҳ занону фаъол бо Сипоснома ва туҳфа сарфароз гардиданд. Ҳамчунин дастаи футболи духтаронаи Мастчоҳ, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор шуданд, бо туҳфа қадршиносӣ гардиданд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи пурмуҳтавои консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter