БИНОИ АСОСИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №1 НАВСОЗӢ МЕШАВАД
11.03.2025 11:39
Бо дастгирии ҶДММ "Истиқлол гурӯҳ" ва соҳибкорони маҳаллӣ бинои асосии Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти нав ва мизу курсиҳо барои кӯдакон таъмин мегардад.
Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зарурати бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабиро таъкид намуда, зикр карданд, ки шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас омили асосии рушду пешрафти ҷомеа мебошад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 охири солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, он аз 5 бинои алоҳида иборат мебошад. Дар замони шӯравӣ дар кӯдакистон 14 гурӯҳ бо фарогирии беш аз 400 кӯдак фаъолият дошт. Аммо бо сабаби таъмирталаб шудани биноҳои алоҳида кӯдакистон зарурияти барҳам додани 4 гурӯҳи кӯдаконро пеш овард.
Айни ҳол дар кӯдакистон 10 гурӯҳ бо фарогирии беш аз 200 кӯдак фаъолият карда истодааст ва пас аз пурра навсозӣ шудани бинои асосии он, 4 гурӯҳ бо фарогирии 120 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб хоҳанд шуд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо рафти оғози корҳои навсозии бинои кӯдакистон аз наздик шинос шуда, ба масъулон барои анҷоми босифати корҳо ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои тарбияи кӯдакон дастурҳои мушаххас дод.
Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 12 кӯдакистон, аз ҷумла 1 кӯдакистони хусусӣ бо номи "Ваҳдат" фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 1400 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи кӯдакони ноҳия мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ замина мегузорад.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ