ҲАМДАРДӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки шоми дирӯз 10 марти соли 2025 собиқадори соҳаи тандурустии ноҳия, духтури дараҷаи олӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмуҳаммад Ниёзов дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба аҳли оила, наздикон ва пайвандонашон, аз ҷумла ба Сардори Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Раҷабзода изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон сабри ҷамил хоҳон аст.
Раҷабмуҳаммад Ниёзов 8 апрели соли 1949 дар деҳаи Эсизи Поёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби миёнаи №4-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ (1966) ва факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино (1972) мебошад.
Марҳум солҳои зиёд дар рушди соҳаи тандурустии ноҳияи Мастчоҳ саҳми назаррас гузошта, дар вазифаҳои сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ, мудири шуъбаи Ёрии таъҷилӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим пурсамар фаъолият намудааст. Бо дониши амиқ, маҳорати баланд ва садоқати касбӣ ӯ дар шифо бахшидан ба садҳо нафар беморон ва беҳбуди хизматрасонии тиббӣ нақши муҳим бозида, эҳтироми ҳамкасбон ва мардумро соҳиб гардидааст.
Раҷабмуҳаммад Ниёзов на танҳо табиб, балки муҳаққиқи соҳаи тиб низ буд. Ӯ дар ҳаммуаллифӣ китоби таърихи тибби Мастчоҳ- “Таърихи тиб ва табибони Мастчоҳ (аз Кӯҳистон то Бӯстон)-ро таълиф намудааст, ки таърихи пурраи тибби Мастчоҳро аз даврони кӯҳистон то Масчоҳи нави имрӯза фаро гирифта, саҳми арзандаи ӯро дар ҳифзи мероси тиббӣ ва таърихи соҳа бозгӯ мекунад.
Ин асар ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва таърихӣ арзиши баланд дошта, дар омӯзиши таърихи соҳаи тандурустии як диёри Тоҷикистони азизамон аҳамияти калон дорад.
Даргузашти Раҷабмуҳаммад Ниёзов талафоти ҷуброннопазирест барои ҷомеаи тиб, аҳли илму таҳқиқ ва тамоми онҳое, ки аз ӯ таҷриба ва раҳнамоӣ меомӯхтанд. Номи некашон ва хизматҳои арзандаашон дар хотири наслҳо боқӣ хоҳад монд.
Руҳашон шод ва манзили охираташон обод бод!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Мастчоҳ