МАТБУОТ-МУҲИМТАРИН РУКНИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ОИНАИ ТАҲАВВУЛОТИ ЗИНДАГӢ Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи матбуот

11.03.2025 11:43

 

Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот!

Рӯзноманигорони азиз!

Дар феҳристи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил карда мешавад,  ҷойгоҳи арзишманд дорад, 

 Ин санаи фархунда гувоҳи равшан ва далели  барҷастаи ихлосу эҳтиром ва қадрдонию арҷгузорӣ ба кормандони соҳа, махсусан рӯзноманигорони мамлакат маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, бо камоли шодмонӣ ҳамаи Шумо – аҳли қалам, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорон ва рӯзноманигорони арҷмандро ба муносибати Иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз, рӯзгори пурфайзу бобаракат, саодату иқболи нек, тамоми хушиҳои ҷаҳон ва дар иҷрои рисолати касбӣ пешравию комёбиҳои барҷастаро орзумандам.

Таърих гувоҳ аст, ки 113 сол пеш, санаи 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба нашр расид, нашри он ҳамчун минбари розу ниёзи миллати тоҷик баҳри тақвияти афкори маънавию иҷтимоии аҳли ҷомеа, пешрафти фарҳангу маориф, ва тавсеаи ҷаҳонбинии созанда таъсири бузурги худро гузошт. 

         Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу амнияти комил ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи матбуот шароиту имкониятҳои ҳамаҷониба фароҳам гардид. Аз ин ҷиҳат, дар шароити соҳибистиқлолӣ воситаҳои ахбори омма ва умуман матбуот ҳамчун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ дар пешрафти ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ нақшу мақоми созанда доранд. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

       Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

         Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

          Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».

           Фаъолияти самарабахши рӯзномаҳои ноҳиявии «Машъал» ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  «Нигоҳи халқ» ба сифати нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва телевизиони  “Мастчоҳ”  дар инъикоси таҳаввулоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавии ноҳия, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, таъмини фазои  мафкураи солиму созанда ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Кормандони соҳаи матбуоти ноҳия бо фаъолияти ибратомӯзу содиқона ва софдилонаашон дар сафи пеши рӯзноманигорони мамлакат, яъне ҳамкасбони худ қарор доранд, ки боиси ифтихори тамоми ҳамдиёрон мебошад. Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пешрафти фаъолияти минбаъдаи воситаҳои ахбори омма ва арҷгузорию қадршиносии аҳли матбуот тамоми тадбирҳои имконпазирро равона менамояд.

           Бо умеди саодату хушбахтӣ ва фаъолияти пурсамари эҷодии кормандони матбуот, махсусан рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳия дар инъикоси воқеии набзи ҷомеа, махсусан дастоварду комёбиҳои даврони Истиқлол бори дигар ҷашни фархундаи Рӯзи матбуоти тоҷикро ба ҳамаи кормандони соҳа самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатию шодмонӣ, саодати зиндагӣ ва файзу баракати эҷодро таманно дорам.

           Иди касбӣ муборак, аҳли матбуот – оинадорони  таҳаввулоту пешрафти Тоҷикистон!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter