Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати ҳафтум баргузор шуд

21.03.2025 07:44

 
Мастчоҳ, (12.03.2025 сол) – Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аъзам Ализода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, вакилони тозаинтихоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашраф Шарифов оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилони халқ ва иштироки овоздиҳандагон гузориш дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди баргузории интихоботи вакилони халқ аз ҷониби сохторҳои ҳизбҳои сиёсии амалкунанда дар ноҳия, аз ҷумла ҲХДТ дар 40 ҳавза, ҲКТ дар 5 ҳавза ва ба тариқи худпешбар дар 35 ҳавза номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ пешбарӣ гардиданд.
Рўзи 2 марти соли 2025 дар интихобот аз 81362 нафар шумораи овоздиҳандагон 75243 нафар, ё худ 92,7 фоиз овоздиҳандагон иштирок карданд.
Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ дар асоси далелҳои зикршуда ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод намуд, ки ваколати вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳро, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоб шуданд, эътироф намояд.
Сипас, руйихати вакилони интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати ҳафтум ба таваҷҷўҳи ҳозирин расонида шуд.
Баъдан вакилони тозаинтихобгардида тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бо навбат савганд ёд карданд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон масъалаҳои қабули Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати ҳафтум ва интихоби ҳайати онҳо, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Мастчоҳ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Зимни иҷлосия, номзадии Холиқзода Абдухолиқ Санавбар - раиси шаҳри Панҷакент ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 пешниҳод гардида, он аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.
Баъди овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Холиқзода Абдухолиқ Санавбар ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ карда шуд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов сухан гуфта, оид ба фаъолияти минбаъдаи вакилон, содиқ будан ба савганди ёдкарда, рушду пешрафти ноҳия, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва беҳсозии шароити зиндагии мардум андешаҳои худро баён намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, раиси ноҳия Аъзам Ализода дар поёни иҷлосияи таъкид намуд, ки вакилони халқ бояд ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар ноҳия диққати махсус диҳанд.
Таъкид шуд, ки вакилони халқ бояд ба эҳтиёҷоти мардум бо масъулияти баланд муносибат кунанд ва барои беҳбудии зиндагии шаҳрвандон дар ноҳия талош намоянд.
Ҳамзамон Раиси ноҳия Аъзам Ализода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ барои омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҷиҳати таъмини рушди соҳаи пахтакорӣ, ки яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти ноҳия ба шумор меравад, супориш дода шуд, ки масъулин дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳо вусъати кишти пахтаро таъмин намуда, тадбирҳои заруриро барои афзоиши ҳосилнокӣ андешанд.
Дар охир, Аъзам Ализода аз ҳамаи роҳбарон ва масъулин даъват ба амал овард, ки барои пешрафти соҳаҳои афзалиятнок бо масъулияти баланд кор карда, бо истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мусоидат намоянд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter