ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ИСЛОМ»

21.03.2025 07:46

 
16 марти соли 2025, дар хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар ҷамоати деҳоти Оббурдон маъракаи кишти пахта расман оғоз гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳия зимни кишти пунбадона деҳқонро ба меҳнати содиқона ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуда, таъкид кард, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ноҳия ба шумор меравад. Таъкид карда шуд, ки барои ба даст овардани ҳосили баланд, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи тухмии босифат муҳим мебошад.
Имсол дар хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар майдони 3 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» кишт мешавад. Ба таъкиди мутахассисон ин навъи пунбадона аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ва устуворӣ ба бемориҳо хосияти мусбат дошта, барои шароити иқлимии минтақа мувофиқ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи дурнамо, бо чунин омодагиҳои ҷиддӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам, кишоварзон имсол метавонанд ҳосили фаровон ба даст оварда, саҳми худро дар рушди соҳаи пахтакории ноҳия гузоранд. Масъулон изҳори умед карданд, ки ин мавсим барои деҳқонон сермаҳсул хоҳад буд ва бо натиҷаҳои назаррас анҷом хоҳад ёфт.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter