ШАРТНОМАИ САРПАРАСТИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ "МАСТЧОҲ" БА ИМЗО РАСИД

21.03.2025 07:47

 
19 март раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси Федератсияи футболи ноҳия Аъзам Ализода бо роҳбарияти ширкати ватании "Истиқлол - Гурӯҳ" мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи рушди футболи ноҳия, бахусус дастгирии дастаи футболи "Мастчоҳ" дар лигаи аввали кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода аҳаммияти рушди варзиши маҳаллиро таъкид намуда, зикр кард, ки бо ҷалби сарпарастони боэътимод метавон заминаи устувор барои фаъолияти мунтазами дастаи футбол ва баланд бардоштани сатҳи касбии бозигарон фароҳам овард.
Роҳбарияти ширкати "Истиқлол - Гурӯҳ" омодагии худро барои сарпарастии даста изҳор дошта, ҷонибҳо пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъала ба мувофиқа расиданд. Дар натиҷа, миёни Клуби футболи “Мастчоҳ” ва ширкати "Истиқлол - Гурӯҳ" шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он ширкат уҳдадор мешавад, ки ҷиҳати дастгирии фаъолияти даста саҳмгузор бошад.
Ин иқдом дар доираи сиёсати дастгирии варзиш амалӣ шуда, ба рушди инфрасохтори футболи ноҳия ва беҳсозии омодагии касбии варзишгарон мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкории мазкур ба натиҷаҳои мусбат ва рушди минбаъдаи футболи Мастчоҳ мусоидат хоҳад намуд.
Фитрати Ҳикмат,
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter