МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ "МАСТЧОҲ"
21.03.2025 07:48
Раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси Федератсияи футболи ноҳия Аъзам Ализода бо роҳбарияти клуби футболи "Мастчоҳ" мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими фаъолияти даста, аз ҷумла сарпарастии клуб, раванди тамрини варзишгарон, ҷалби футболбозони беҳтарин ва омодагӣ ба марҳилаҳои нави мусобиқаҳои лигаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки рушди футбол дар ноҳия аз роҳандозии тамринҳои мунтазам ва беҳсозии шароити варзишгарон вобаста буда, барои расидан ба натиҷаҳои баланд дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Раиси ноҳия ба масъулини клуб дастур дод, ки ба интихоби бозигарони соҳибмаҳорат ва ҷалби мураббиёни пуртаҷриба диққати махсус диҳанд.
Ҳамзамон, масъалаи ҷалби сарпарастон барои таъмини молиявии даста ва беҳсозии инфрасохтори клуб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки бо ҷалби сарпарастони боэътимод ва таъмини дастгирии зарурӣ, имконияти даста барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар лигаи аввал бештар хоҳад шуд.
Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти клуб ҷиҳати татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда ва боз ҳам тақвият бахшидани омодагии варзишгарон изҳори омодагӣ намуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо иқдомоти амалӣ футболи ноҳияи Мастчоҳ боз ҳам рушд карда, даста дар мусобиқаҳои лигаи аввал натиҷаҳои шоиста ба даст хоҳад овард.
Фитрати Ҳикмат