ДАР МАСТЧОҲ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ОҒОЗ ЁФТ
21.03.2025 07:49
20 март дар хоҷагии деҳқонии “Сайёд”, воқеъ дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ маъракаи кишти пунбадонаи зери плёнка оғоз гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иштирок намуда, бо деҳқонон суҳбат карданд.
Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 2500 гектар кишти пунбадона дар зери плёнка ба роҳ монда мешавад. Кишти пахта бо истифода аз плёнка солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар ҷорӣ шуда, самаранокии худро нишон додааст. Ин усул имкон медиҳад, ки нашъунамои пахта нисбат ба кишти анъанавӣ тезтар сурат гирифта, талафи намӣ дар хок камтар бошад ва ҳосилнокӣ афзоиш ёбад.
Муовини раиси вилоят Файзулло Қосимӣ зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид намуд, ки истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани истеҳсолоти пахтакорӣ ва беҳтар намудани ҳосилнокӣ мебошад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода низ зимни суҳбат пахтакоронро ба истифодаи дурусти ин усул ва риояи тавсияҳои мутахассисон ҳидоят намуд. Таъкид шуд, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии қишлоқ буда, бо истифодаи технологияи навини кишт ва парвариш, деҳқонон метавонанд ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа кишти пахта дар зери плёнка барои минтақаҳои камоб беҳтарин роҳ мебошад, зеро он имкон медиҳад, ки намнокии хок нигоҳ дошта шуда, сабзишу инкишофи ниҳол тезтар сурат гирад. Инчунин, плёнка ҳарорати хокро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, боиси нашъунамои босифати пахта мегардад.
Деҳқонони хоҷагии “Сайёд” изҳор доштанд, ки таҷрибаи дигар минтақаҳо ва тавсияҳои мутахассисонро ба назар гирифта, умед доранд, ки бо ин усул ҳосили баланд ба даст меоранд. Ин хоҷаги соли равон дар майдони 4 гектар замин кишти пунбадонаи зери плёнкаро ба роҳ мемонад.
Тавре масъулон иброз медоранд, кишти пахтаи зери плёнка на танҳо ҳосилнокиро зиёд мекунад, балки боиси кам шудани хароҷоти кишоварзон мегардад. Ин усул имконият медиҳад, ки обёрии пахта дар давраи нашъунамои аввала самараноктар сурат гирад ва нашъунамои тухмӣ муътадил бошад.
Масъулини соҳа ва мутахассисони кишоварзӣ бар ин назаранд, ки дар оянда васеъ намудани кишти пахтаи зери плёнка метавонад як қадами муҳими рушди пахтакорӣ дар ноҳия бошад.
Фитрати Ҳикмат