НАВРӮЗ – ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ ВА МУҲАББАТУ САМИМИЯТИ ИНСОНӢ

21.03.2025 07:51

 
Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам Наврӯз бахшида ба
Иди байналмилалии “Наврӯз -2025”
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ва Соли нави аҷдодиро ба ҳамаи Шумо, тамоми сокинони хушиқболу сарбаланди ноҳия ва кулли мардуми саодатманди Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ, бахту иқболи нек ва тамоми фараҳу шодии наврӯзиро орзумандам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки: “Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.
Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.
Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.
Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад.
Замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастурхони мардум ба замин дона мепошад.
Тозаву озода кардани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд”.
Наврӯзи имсола, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи мо шодию нишот ва файзу баракати бешумор ба армуғон овард. Дар арафи ин ҷашни бузурги ҷаҳонӣ зимни сафари пурсамари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон байни ду давлат муҳимтарин созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид, ки аз тавсеаи муносибатҳо байни халқҳои тоҷику қирғиз ва тамоми мардуми Осиёи Марказӣ, сулҳу шукуфоӣ, равнақи дӯстӣ ва ҳамсоягии неку башорат медиҳад.
Эътимоди комил дорам, ки мову Шумо бо баҳрамандӣ аз файзу шарофати таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми саъю талош ва қудрату нерӯи худро равона карда, то ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 70 –солагии азхудкунии дашти Дилварзин диёрамонро боз ҳам сабзу хуррам ва ободу зебо мегардонем.
Бо камоли самимият бори дигар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Баҳори гулафшонро ба ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки: “Ҳар лаҳзаи умру рӯзатон ҷашни Наврӯз ва Наврӯзатон фархунда бошад”.
Ҷашни хуҷастаи Наврӯзи соли 2025-уми мелодӣ - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муборак, ҳамватанони азиз!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter