ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
26.03.2025 08:36
Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории таҷлили ҷашн дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодасозии иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Зимни боздид, масъулин бо рафти корҳои сохтмонии як қатор иншооти таълимӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаи томактабии №5, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи Боғи деҳоти Палдорак шинос шуда, оид ба идомаи босифати корҳо ва риояи муҳлатҳои муайянгардида супоришҳои дахлдор доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти масъулин, бинои мавҷудаи мактаб барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аммо айни ҳол 1800 нафар дар он таҳсил мекунанд. Дар натиҷа зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омадааст. Бинои иловагии муассиса бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин бино, шароити таҳсил барои хонандагон беҳтар гардида, имкониятҳои таълим дар ду баст низ васеътар хоҳад шуд.
Дар идомаи боздид, роҳбари гурӯҳи корӣ бо рафти сохтмони муассисаи томактабии рақами 5 дар деҳоти Оббурдон шинос гардид. Бунёди ин кӯдакистон, ки барои қабули шумораи зиёди кӯдакон пешбинӣ шудааст, дар доираи нақшаҳои рушди соҳаи маориф ва фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии АХД ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдон амалӣ мешавад.
Инчунин, сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди деҳоти Палдорак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ин маҳалла теъдоди зиёди хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, аҳолӣ босуръат зиёд мешавад, ки зарурати таъсиси муассисаҳои таълимии навро ба миён овардааст. Бинои нави таълимӣ низ бо дастгирии аҳолии маҳал ва соҳибкорон сохта мешавад.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар идомаи боздид бо рафти сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти бахши кишоварзӣ, аз ҷумла Корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Ҷаъфар» ва фермаи парандапарварии ҶДММ «Ҷумъабой Мирзо» шинос шуд. Корхонаҳои мазкур бо технологияи муосир фаъолият намуда, барои таъмин намудани талаботи сохтмонӣ ва таъмини бозор бо гӯшти паранда дар ноҳия ва вилоят саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми боздид, роҳбари гурӯҳи корӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳо, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва стандартҳои муосир ва омодасозии пурраи иншооти ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла мактабҳо, кӯдакистонҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия мусоидат менамоянд.
Фитрати Ҳикмат,
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ