ДАР ДЕҲОТИ НАВБАҲОР КӮДАКИСТОНИ НАВИ ХУСУСӢ БУНЁД МЕШАВАД

26.03.2025 08:38

 
Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Абдумаҷид Маликзода ва Раҳимбек Беков кӯдакистони хусусӣ барои 120 кӯдак бунёд мегардад. Ин иқдом дар доираи сиёсати созандаи давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва нақшачорабиниҳои ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин роҳандозӣ шудааст.
Кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мегардад. Масоҳати умумии замини кӯдакистон 3500 метри мураббаъро дарбар мегирад. Лоиҳаи он бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир таҳия шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити беҳтарин фароҳам меорад.
Бо мақсади шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур ва мусоидат ба оғози корҳои сохтмонӣ, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва роҳбари гурӯҳи кории таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо соҳибкорони лоиҳа ҳамсуҳбат шуданд. Дар рафти вохӯрӣ ба бунёдкорон маслиҳатҳои муфид дода, таъкид карданд, ки ин иқдом ҷузъе аз сиёсати маорифпарваронаи давлат аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Айни замон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ як муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мебарад, ки дар он 142 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо дарназардошти он ки аҳолии деҳот 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, таъсиси кӯдакистони нав барои таъмини бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Таъкид шуд, ки таъсиси ин муассисаи таълимӣ натанҳо барои кӯдакон, балки барои ҷомеа низ манфиатовар мебошад. Ин кӯдакистон насли ояндаи кишварро дар рӯҳияи маърифату худшиносӣ тарбия карда, барои рушди зеҳнии онҳо замина мегузорад.
Соҳибкорони ватандӯст бо чунин иқдомҳои шоиста нишон медиҳанд, ки рушди соҳаи маориф ва таъмини шароити мусоид барои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад. Дар ин замина, бунёди ин муассисаи таълимӣ як қадами муҳиме дар пешрафти соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.
Фитрати Ҳикмат,
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter