Шиносоӣ бо ҷараёни навсозии кӯдакистони №1-и шаҳраки Бӯстон
26.03.2025 08:40
Роҳбари гурӯҳи кории таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ҷараёни корҳои навсозии бинои асосии Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 яке аз кӯдакистонҳои куҳансоли ноҳия ба ҳисоб меравад, ки охири солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, қаблан 14 гурӯҳи кӯдаконро фаро мегирифт. Вале бо сабаби таъмирталаб гардидани биноҳои алоҳида, фаъолияти 4 гурӯҳ қатъ шуда буд.
Таъмиру навсозии ин муассиса дар доираи тадбирҳои ободониву созандагии ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин анҷом ёфта, барои беҳтар шудани шароити таълиму тарбия дар ноҳияи Мастчоҳ мусоидат мекунад.
Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 12 кӯдакистон, аз ҷумла як муассисаи хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 1400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ