Ифтитоҳи маркази фурӯши масолеҳи сохтмонии "Ҳабибулло"

26.03.2025 08:42

 
Имрӯз дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода ва роҳбари гурӯҳи кории таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода маркази савдои масолеҳи сохтмонии “Ҳабибулло” ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Ҳоҷибоев бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Маркази савдо ба фурӯши яклухт ва чаканаи масолеҳи сохтмонӣ ихтисос ёфта, барои мизоҷон имкони хариди зардеворҳо, дарҳои хушсифат, рангҳо, чароғҳо, кафел ва дигар маводи сохтмонӣ бо нархҳои дастрасро фароҳам овардааст. Муҳимтар аз ҳама, нархи маҳсулот дар ин марказ нисбат ба бозор то 13 фоиз арзон буда, мизоҷон метавонанд ҳама намуди масолеҳи заруриро барои таъмири хонаҳои худ пайдо намоянд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни ифтитоҳи маркази савдо инро як қадами муҳим дар рушди инфрасохтори савдои маҳаллӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин ташаббус барои соҳибкорон ва сокинони ноҳия шароити беҳтар фароҳам меорад.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид намуд, ки рушди чунин иншооти тиҷоратӣ метавонад ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии босифат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намояд.
Маркази савдои “Ҳабибулло” бо пешниҳоди маҳсулоти гуногун ва нархҳои дастрас, на танҳо ба эҳтиёҷоти сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ ҷавобгӯ мебошад, балки барои рушду пешрафти соҳибкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ низ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter