НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР МАСТЧОҲ БО ШУКӮҲИ ХОС ТАҶЛИЛ ГАРДИД

26.03.2025 08:46

 
Мастчоҳ, 21 марти соли 2025. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат, сокинони ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон”-и шаҳраки Бӯстон баргузор гардид, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Ба ҳайси меҳмонони расмӣ дар ин чорабинӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ҳузур доштанд.
Сараввал раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва меҳмонон аз намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, варзиш ва маориф, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон” ороста шуда буданд, дидан карданд.
Меҳмонон нахуст аз намоиши варзишгарони ноҳия боздид намуданд.
Наврӯз, ки ҳамеша бо суннатҳои миллӣ тавъам аст, дар Мастчоҳ бо муаррифии варзишҳои суннатӣ оғоз гардид. Варзишгарони ноҳия дар намоишгоҳ дастовардҳои худро дар намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, гурзпартоӣ, бокс, ҷудо, футбол ва дигар намудҳои варзишро намоиш дода, ҳунари баланди хешро ба тамошобинон пешкаш карданд.
Баъдан меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо заҳмати кишоварзони ноҳия, ки ба рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузоранд, ошно гардиданд.
Дар ин намоиш навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни ғалладона, пахта, чормағзи заминӣ ва маҳсулоти фабрикаҳои парандапарварӣ муаррифӣ шуданд.
Меҳмонон баъд аз тамошои намоишҳои варзишӣ ва кишоварзӣ, аз хони идона дидан намуданд, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ороста шуда буд.
Дар ин хонҳои идона нонҳои ширмол ва фатирҳои Мастчоҳ, таомҳои миллии хоси минтақа, аз ҷумла кашки шабдегӣ, умоч, қурутоб, гунгина, ширбиринҷ ва оши палав пешкаш гардида буданд.
Меҳмонон ҳангоми боздид аз хони идонаи ташкилоту муассисаҳо таъкид намуданд, ки дар баробари ҳунарҳои мардумӣ, таърихи хӯрокҳои миллӣ низ бояд эҳё ва ҳифз карда шавад.
Дар идомаи барномаи ҷашнӣ меҳмонон аз ҳунари нақшхонҳои деҳоти Палдорак дидан намуданд. Нақшхонӣ, ки яке аз санъатҳои суннатии бадеии мардум аст, дар ин ҷамоат то ҳол нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳунармандони маҳаллӣ бо нақшхонии зинда достонҳои мардумӣ, шеъру ғазалҳои классикӣ ва порчаҳо аз эпосҳои тоҷикӣро иҷро намуданд, ки самимияти зиёд пайдо кард.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар суҳбат бо нақшхонҳо таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба ин ҳунари нодир зарур аст ва мақомоти маҳаллӣ барои эҳёи он мусоидат хоҳад кард.
Баъдан, меҳмонон дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро аз номи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз табрику муборак бод намуда, афзуд, ки “Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.
Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш ба тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст. “
Таъкид карда шуд, ки “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст.”
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ номаи шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, таъкид дошт, ки “Наврӯз ва расму ойинҳои наврӯзӣ дар тӯли мавҷудияти беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамчун сарчашмаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ барои дар руҳияи бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулгароӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, дӯстию рафоқат, ҳамзистӣ ва некиву накукорӣ тарбия намудани инсоният хизмат намуда, фарҳанги миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.”
Баъдан, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ташрифи меҳмононро ба ноҳия хушомадед гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз на танҳо оғози сол ва фасли зебои баҳор, балки рамзи умед ба ояндаи нек, фардои дурахшон ва зиндагии пурсаодат аст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо сол ба сол ободу шукуфон гардида, ноҳияи Мастчоҳ низ дар самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор мегузорад.
“Эътимоди комил дорам, ки мову Шумо бо баҳрамандӣ аз файзу шарофати таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми саъю талош ва қудрату нерӯи худро равона карда, то ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 70 –солагии азхудкунии дашти Дилварзин диёрамонро боз ҳам сабзу хуррам ва ободу зебо мегардонем”,- афзуд зимни ироаи номаи табрикӣ Аъзам Ализода.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорон гардид.
Фитрати Ҳикмат


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter